Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ яке аз шоирони рангинбаёну соҳибзавқ, тозафикру нуктасанҷи асри XYII тоҷик ба ҳисоб рафта, на танҳо дар ташаккули сабки ҳиндӣ, балки дар таҳаввули назми классикии форсу тоҷик низ саҳми арзанда гузоштааст. Аз шоир то мо 12 қасида, 752 ғазал, 3 қитъа, 501 фардбайт, 301 абёт 21 рубоӣ омада расидааст.